Дар ҷумҳурӣ барномаи раҳоии соҳаи пахтакорӣ аз бӯҳрон таҳия мегардад

            Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо супориши ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Шукрулло Раҳимназаров гурӯҳи корӣ ташкил дода шуд, ки ба таҳияи барномаи раҳоии соҳаи пахтакории кишвар то соли 2015 машғул гашта, онро моҳи майи соли оянда ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод хоҳад кард.             Тавре Муҳаммадӣ Ормонов, сардори […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо супориши ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Шукрулло Раҳимназаров гурӯҳи корӣ ташкил дода шуд, ки ба таҳияи барномаи раҳоии соҳаи пахтакории кишвар то соли 2015 машғул гашта, онро моҳи майи соли оянда ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод хоҳад кард.





           

Тавре Муҳаммадӣ Ормонов, сардори шӯъбаи зироати техникӣ ва ғалладонаи вазорати кишвоарзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин гувоҳи он аст, ки соҳаи пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзии ҷумҳурӣ боқӣ монда, овозаҳои гӯё қатъ кардани кишти пунбадона дар Тоҷикистон ҳеҷ асосе надоранд.




           

Ба ҳайати гурӯҳи корӣ 18 нафар мутахассис аз вазорат, Академияи улуми кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рустанипарварии Академияи улуми ҷумҳурӣ шомиланд. «То имрӯз ба иллати норасоии таъминот бо техникаи кишоварзӣ, маводи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ ҳамагӣ 345 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта «хеле кам» аст», – гуфт ӯ. Соли гузашта дар охири мавсим 420 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардида буд.




           

Ба гуфтаи М.Ормонов, соли равон ба ҷойи 250 ҳазор тоннаи пешбинишуда, ҳамагӣ 74 ҳазор тонна нурии минералӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда шуд. «Барои соли 2009 ҳукумати ҷумҳурӣ 352 млн. 818 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кардааст, ки 6 млн. сомонии он баҳри харидани тухмии хушсифат, аз ҷумла пунбадона истифода хоҳад шуд», – гуфт ӯ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.