Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ муовини раиси «Амонатбонк» Абдуқаҳҳор Қодиров изҳор дошт, ки ҳамаи пасандозҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар бонк нигаҳдорӣ мешаванд, таҳти ҳимояти давлат қарор доранд. «Агар ин пасандозҳо аз бӯҳрони молиявӣ зарар бинанд, давлат ҷуброни онро кафолат медиҳад», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи муовини раиси бонк, бӯҳрони молиявии кунунӣ мустақиман ба низоми молиявии ҷумҳурӣ таъсир нахоҳад гузошт, зеро сармояи бонкии ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ ҳузур надорад ва ҳамчунин сармояи онҳо низ дар низомии бонкии кишвар чандон назаррас нест. «Дар Тоҷикистон танҳо бонкҳое, ки аз хориҷи кишвар ба миқдори зиёд сармоягузорӣ мешаванд, хисорот бардошта метавонанд, вале тибқи маълумоти ба ман расида, дар Тоҷикистон чунин бонкҳо нестанд», – афзуд А.Қодиров.


