«Амонатбонк» эмин доштани маблағи пасандозҳои мизоҷон аз бӯҳрони молиявиро кафолат медиҳад

            Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ муовини раиси «Амонатбонк» Абдуқаҳҳор Қодиров изҳор дошт, ки ҳамаи пасандозҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар бонк нигаҳдорӣ мешаванд, таҳти ҳимояти давлат қарор доранд. «Агар ин пасандозҳо аз бӯҳрони молиявӣ зарар бинанд, давлат ҷуброни онро кафолат медиҳад», – гуфт ӯ.             Ба гуфтаи муовини раиси бонк, […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ муовини раиси «Амонатбонк» Абдуқаҳҳор Қодиров изҳор дошт, ки ҳамаи пасандозҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар бонк нигаҳдорӣ мешаванд, таҳти ҳимояти давлат қарор доранд. «Агар ин пасандозҳо аз бӯҳрони молиявӣ зарар бинанд, давлат ҷуброни онро кафолат медиҳад», – гуфт ӯ.





           

Ба гуфтаи муовини раиси бонк, бӯҳрони молиявии кунунӣ мустақиман ба низоми молиявии ҷумҳурӣ таъсир нахоҳад гузошт, зеро сармояи бонкии ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ ҳузур надорад ва ҳамчунин сармояи онҳо низ дар низомии бонкии кишвар чандон назаррас нест. «Дар Тоҷикистон танҳо бонкҳое, ки аз хориҷи кишвар ба миқдори зиёд сармоягузорӣ мешаванд, хисорот бардошта метавонанд, вале тибқи маълумоти ба ман расида, дар Тоҷикистон чунин бонкҳо нестанд», – афзуд А.Қодиров.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.