Телефонҳои «хатти фаврӣ» барои ҷабрдидагон аз шиканҷа

Шурӯъ аз моҳи феврали соли равон дар Тоҷикистон телефонҳои «хатти фаврӣ» (горячая линия) барои ҷабрдидагон аз шиканҷа ба фаъолият оғоз карданд. Шаҳрвандоне, ки бо ҳодисаҳои истифодаи шиканҷа ва усулҳои ғайриқонунии роҳандозии тафтишот дучор омаданд ё хешовандону наздикони онҳо дар ҳама гуна вақт метавонанд ба рақамҳои «хатти фаврӣ» дар вилояти Суғд – (98) 882 37 96 […]

Наргис Ҳамробоева


Шурӯъ аз моҳи феврали соли равон дар Тоҷикистон телефонҳои «хатти фаврӣ» (горячая линия) барои ҷабрдидагон аз шиканҷа ба фаъолият оғоз карданд.

Шаҳрвандоне, ки бо ҳодисаҳои истифодаи шиканҷа ва усулҳои ғайриқонунии роҳандозии тафтишот дучор омаданд ё хешовандону наздикони онҳо дар ҳама гуна вақт метавонанд ба рақамҳои «хатти фаврӣ» дар вилояти Суғд – (98) 882 37 96 ва шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон – (98) 882 37 97 занг зада, дар ин хусус маълумот диҳанд.

Телефонҳои «хатти фаврӣ» дар доираи татбиқи лоиҳаи «Мубориза бар зидди шиканҷа дар Тоҷикистон» амал мекунанд, ки он аз ҷониби созмони ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқи инсон» бо дастгирии Дафтари сАҲА дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳамоҳангсози лоиҳа Парвина Наврӯзова хабар дод, тавассути робитаи телефонӣ ҳатто ашхоси дар манотиқи дурдаст иқоматдошта имкон пайдо хоҳанд кард, ки бо ҳуқуқшинос барои гирифтани кӯмаки ҳуқуқӣ дар тамос шаванд.

«Дар доираиамалисозии лоиҳа баргузории чорабиниҳое, ки ба муайян кардани миқёси истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон тавассути ҳуҷҷатгузории он дар ш.Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлон нигаронида шудаанд, пешбинӣ шудаанд», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Наврӯзова, ҳамчунин кормандони лоиҳа доир ба огоҳ кардани аҳолӣ аз ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо зимни мавриди тафтишот қарор доштан, мусоидат ба шахсони ҷабрдида аз шиканҷа дар гирифтани кӯмаки амалии ҳуқуқӣ машваратҳои сайёр доир месозанд.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта беш аз 20 муроҷиат оид ба ҳодисаҳои истифодаи шиканҷа ва дигар рафтори бераҳмона дар зинаи тафтишот ва ҳангоми иҷрои ҷазо ҳуҷҷатгузорӣ шудаанд, ки аз онҳо 17 ҳолат ба вилояти Суғд ва 12 ҳодиса ба шаҳриДушанбе рост меоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.