Муаррифии Ҳисоботи миллӣ оид ба рушди инсон дар Тоҷикистон

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони  «Тоҷикистон: Институтҳо ва рушд» Ҳисоботи миллӣ оид ба рушди инсон дар соли 2011, ки ба масоили нерӯи институтсионалӣ дар мавриди рушди инсонӣ бахшида шудааст, муаррифӣ шуд. Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар маросими мазкур роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва […]


Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони  «Тоҷикистон: Институтҳо ва рушд» Ҳисоботи миллӣ оид ба рушди инсон дар соли 2011, ки ба масоили нерӯи институтсионалӣ дар мавриди рушди инсонӣ бахшида шудааст, муаррифӣ шуд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар маросими мазкур роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон иштирок карданд.

«Ҳисоботи миллӣ оид ба рушди инсон аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи муштараки «Ворид намудани консепсияи рушди инсонӣ дар Тоҷикистон» пешниҳод шудааст», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, мақсади асосии лоиҳа пешбарии консепсияи рушди инсонӣ дар ҳамаи сатҳҳо ва хусусан дар байни ашхосе масъули қабули қарор мебошад, то ки он ҳамчун заминаи маҳакҳои асосӣ барои муколамаи иҷтимоӣ ва таҳияи сиёсати иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон тасдиқ ва эътироф гардад.

«Дар ҷараёни чорабинӣ ҳамчунин таъкид гардид, ки рушди нерӯи инсонӣ ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад», – афзуд манбаъ.

Бино ба маълумоти Гузориши Глобалӣ оид ба рушди инсон дар соли 2011, айни замон Тоҷикистон аз рӯйи индекси рушди имконоти инсон миёни 187 кишвари дунё мақоми 112-умро касб кардааст, аммо сатҳи даромад ба ҳар як сари аҳолӣ ба рейтини кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Бо вуҷуди ин тайи даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон тамоили мусбати рушди имконоти инсон боқӣ мондааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.