Туҳфаи президент ба аҳолии ду деҳаи наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон

Рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон ба бунгоҳи тиббии деҳаи наздимарзии Шоҳони ноҳияи Шӯрообод аз номи президент автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим гардид. Раиси ноҳияи Шӯрообод Амирхон Икромов дар ҷамъи рӯзноманигорон гуфт, рӯзи 31-уми октябри соли 2011 шоҳзода Карим Оғохони IV ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пуршукӯҳи ҳусни оғоз бахшидан ба сохтмони пули нав тавассути […]

Турко Дикаев


Рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон ба бунгоҳи тиббии деҳаи наздимарзии Шоҳони ноҳияи Шӯрообод аз номи президент автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим гардид.

Раиси ноҳияи Шӯрообод Амирхон Икромов дар ҷамъи рӯзноманигорон гуфт, рӯзи 31-уми октябри соли 2011 шоҳзода Карим Оғохони IV ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пуршукӯҳи ҳусни оғоз бахшидан ба сохтмони пули нав тавассути рӯдхонаи Панҷ миёни рустоҳои Шоҳон (Тоҷикистон) ва Хоҳон (Афғонистон) ширкат варзида, он замон сарвари давлати Тоҷикистон ваъда дода буд, ки барои хизматгузории тиббии аҳолии ин деҳаҳои наздимарзӣ автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим хоҳад кард.

Ба гуфтаи ӯ, барои иштирок дар маросими супурдани автомашина ба бунгоҳи тиббӣ як ҳайати бонуфузи улусволии Хоҳони Афғонистон ба деҳаи Шоҳон ташриф оварданд.

«Сохтмони пул ҳанӯз ба анҷом нарасида, он моҳи октябри соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад, вале феълан интиқоли мошини «ёрии таъҷилӣ» ба он сӯи марз ҳеҷ мушкилоте надорад, зеро гузаргоҳи пешина то ҳол амал мекунад», – зикр кард ӯ.

Номбурда афзуд, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани пул дар ин мавзеъ минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд ёфта, аҳолии ҳарду ҷонибро ба афзоиши истеҳсоли зироатҳои гуногун ва эҳёи касби ҳунармандӣ ҳавасманд месозад.

Айни замон дар ду деҳаи Шоҳони Поён ва Шоҳони Боло дар 53 оила 369 нафар зиндагӣ мекунанд. Дар ҷамоати Даштиҷум, ки деҳаҳо ба қаламрави он шомиланд, феълан 5ҳазору 772 нафар сокинон иқомат доранд.

Ёдрас мекунем, ки бо иштироки Бунёди Оғохон моҳи августи соли 2011 дар ноҳияи Ванҷ тавассути рӯдхонаи Панҷ низ як пули нав боз гардида буд. Лоиҳа мутобиқи созишномаи сеҷониба миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Бунёди Оғохон оид ба рушд амалӣ гардида буд. Дарозии пул 216 метр буда, ҳаҷми борбардориаш 30 тоннаро ташкил медиҳад. Барои сохтмони ин пул беш аз 3 млн. доллари ИМА масраф гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.