Машварати кории сарвари давлат бо фаъолони вилояти Хатлон

Дар ҳошияи сафар ба ноҳияи Данғара президенти Тоҷикистон бо фаъолон ва намояндагони бахши кишоварзии вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар машварат сарвари давлат дар назди мақомоти масъули вилоят оид ба рушди минбаъдаи бахши кишоварзӣ ва азхуд кардани заминҳои нав вазифаҳои мушаххас гузошт. «Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои […]

ASIA-Plus


Дар ҳошияи сафар ба ноҳияи Данғара президенти Тоҷикистон бо фаъолон ва намояндагони бахши кишоварзии вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар машварат сарвари давлат дар назди мақомоти масъули вилоят оид ба рушди минбаъдаи бахши кишоварзӣ ва азхуд кардани заминҳои нав вазифаҳои мушаххас гузошт.

«Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти мамлакат маҳсуб ёфта, дар сурати истифодаи оқилонаи обу замин, нуриҳои маъданиву тухмиҳои баландсифат мо метавонем ҳосилнокии зироатҳоро афзун намуда, бо ҳамин васила ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё кунем ва муҳимтар аз ҳама, эҳтиёҷоти рӯзмарраи аҳолии кишварамонро бо маводи озуқаи худӣ таъмин намоем», – гуфт ӯ.

Сарвари давлат зикр кард, ки яке масъалаи муҳими бахши кишоварзӣ саривақт ҷамъоварӣ ва захира кардани хӯроки чорво мебошад ва боришоти зиёди зимистону баҳори имсола имконияти ҳосили фаровони алафҳои табииро ба вуҷуд овард.

 «Аз ин лиҳоз, ҳар як хоҷагии кишоварзии вилоят ва ҳар як оиларо зарур аст, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ва боду ҳавои мусоид ҷиҳати ҷамъоварӣ намудани хӯроки чорво чораҳои амалӣ андешида, захираи дусолаи онро ҳатман таъмин намояд», – иброз дошт президент.

Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон сохт, ки зимистони тӯлонии имсола ва норасоии захираи хӯроки чорво дар баъзе ноҳияҳои вилоят собит намуд, ки бинобар бемасъулиятиву беэътиноии масъулону роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ чорводорон ба мушкилоти сахт рӯбарӯ гардида, дар баъзе минтақаҳо талафи чорво зиёд ба мушоҳида расид.

«Азобу машаққати имсолаи чорводорон бояд барои ҳама сабақ гардад», – таъкид кард сарвари давлат.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.