Анҷумани нахустини дружиначиёни ихтиёрӣ

Дар Кохи «Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳ – нахустин «Анҷумани дружиначиёни ихтиёрӣ» доир гардид. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар анҷуман Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки инак беш ду даҳсола мешавад, ки тоҷикон шаҳди озодиву истиқлолро бо маънии томаш мечашанд ва дар рўҳияи […]

ASIA-Plus


Дар Кохи «Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳ – нахустин «Анҷумани дружиначиёни ихтиёрӣ» доир гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар анҷуман Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки инак беш ду даҳсола мешавад, ки тоҷикон шаҳди озодиву истиқлолро бо маънии томаш мечашанд ва дар рўҳияи созандагиву бунёдкорӣ умр ба сар мебаранд.

«Имрӯзҳо тибқи «Дастурамал оиди вазифаҳои функсионалии сардорони ситодҳо, камандирони дружинаҳои ихтиёрӣ ва назорати кору фаъолияти дружинаҳои ихтиёрӣ» дружиначиёни ихтиёрӣ аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ихтиёрӣ бо сафи кормандони милитсия истода, ба онҳо ҳамаҷониба дар ошкору пешгирии ҷиноят ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат менамоянд», – гуфт ӯ.

Ба қавли вазир, айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 22 ҳазор држиначиёни ихтиёрӣ фаъолият доранд, вале танҳо 800 нафари онҳо ба хизмати ҳарбӣ мераванд, ки 4% аз шумори умумии дружиначиёнро ташкил медиҳад.

Рамазон Раҳимов муътақид аст, ки ҷалби дружиначиёни ихтиёрӣ ба пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, ки ахиран дар ҳоли афзоиш аст, кӯмак мерасонад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар зарфи 4 моҳи соли равон 1209 ҷинояти аз ҷониби ноболиғону ҷавонон бо шумули донишҷӯён содиршуда ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 12 ҷиноят ба куштор, 86 ҷиноят ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, 28 ҷиноят ба дуздӣ, 5 ҳодиса ба ғоратгарӣ ва 38 ҷиноят ба авбошӣ марбут аст. Аз оғози сол нисбат ба 1 ҳазору 249 нафар ҷавонон 1 ҳазору 136 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.