Нияти эҳёи Фронти халқии Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҳаракати Фронти халқиро акнун таҳти унвони «Фронти халқии бидуни силоҳ» эҳё карданианд. Яке аз ташаббускорони ин иқдом мегӯяд, ба зеҳни мардуми Тоҷикистон Фронти халқӣ на он қадр хотироти хуб боқӣ гузоштааст, аз ин рӯ, барои ба даст овардани эътимоди мардум тасмим гирита шуд, ки ибораи «бидуни силоҳ» низ ба номи ҳаракат илова карда […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар Тоҷикистон ҳаракати Фронти халқиро акнун таҳти унвони «Фронти халқии бидуни силоҳ» эҳё карданианд.

Яке аз ташаббускорони ин иқдом мегӯяд, ба зеҳни мардуми Тоҷикистон Фронти халқӣ на он қадр хотироти хуб боқӣ гузоштааст, аз ин рӯ, барои ба даст овардани эътимоди мардум тасмим гирита шуд, ки ибораи «бидуни силоҳ» низ ба номи ҳаракат илова карда шавад.

Собиқ фармондеҳи қисми тиббии Фронти халқии Тоҷикистон Қувваталӣ Муродов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки Фронти халқӣ бо мақсади «муттаҳид сохтани собиқ размадагони ҳарду тарафи даргири ҷанги шаҳрвандӣ, ҷалби онҳо ба ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва иштирок дар равандҳои сиёсии кишвар» эҳё мегардад

Дар ҳамин ҳол, Қувваталӣ Муродов ба мушкилот дучор шудан дар Вазорати адлия зимни бақайдгирӣ ва фишор овардан ба ташаббускоронро аз эҳтимол дур намедонад.

Ташаббускори эҳёи Фронти халқӣ бар ин назар аст, ки «замона дигар шудааст ва барои гаштугузор бо силоҳ дигар зарурате нест, вале зиндагии мардум беҳтар намешавад, фасоду маҳалгароӣ дар ҳоли густариш буда, бо ин падидаҳо мебояд бо воситаҳои мусолиматомез мубориза бурд ва ин яке аз ҳадафҳои эҳёи Фронти халқӣ мебошад».

Ба қавли Муродов, ташаббускорони иқдом тамоми хоҳишмандонро ба сафҳои худ ҷалб карданианд.

Дар ҳамин ҳол ӯ афзуд, ки «мо ният дорем, ки тамоми ҳизбу ҳаракатҳои сиёсиро дастгирӣ намоем, вале бо мурури замон ба як хулоса расида, дар интихоботи президентии оянда номзади ягонаи шоистаро пешниҳод кунем ва он президенти амалкунандаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ буда метавонад».

Қ. Муродов зикр кард, ки Фронти халқӣ сохти конститутсонӣ дар Тоҷикистонро барқарор кард, вале имрӯз аъзои онро касе қадрдонӣ намекунад.

«Дар ин ҷода ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд. Имрӯз ҳукуматдорон барои худ бӯстонсароҳо бунёд мекунанду мошинҳои гаронбаҳои хориҷӣ мехаранд, вале шахсоне, ки онҳоро сари давлат оварданд, ё зиндонианд, ё дар муҳоҷиратанд ва ё маъюбони ба касе нодаркор шудаанд», – афзуд Муродов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.