Дар Ҳиндустон кори мизи мудаввари «Ҳиндустон-ИДМ: ҳамкорӣ дар бахши истифодаи манбаъҳои энергия» оғоз ёфт

            Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Деҳлӣ кори мизи мудаввари дурӯзаи «Ҳиндустон-ИДМ: ҳамкорӣ дар бахши истифодаи манбаъҳои энергия» оғоз ёфт.             Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар қатори намояндагони мақомоти дахлдори кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Ҳиндустон муовини вазири энергетика ва саноати […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Деҳлӣ кори мизи мудаввари дурӯзаи «Ҳиндустон-ИДМ: ҳамкорӣ дар бахши истифодаи манбаъҳои энергия» оғоз ёфт.





           

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар қатори намояндагони мақомоти дахлдори кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Ҳиндустон муовини вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Заробиддин Файзуллоев кишвари моро дар он намояндагӣ мекунад.




           

Ба иттилои манбаъ, мизи мудаввар бо ташаббуси Вазорати нафт ва гази табиии Ҳиндустон созмон дода шуда, дар он ҷонибҳо масоили густаришу тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахши истифодаи манбаъҳои энергия, аз ҷумла бастани қарордод дар ин соҳа ва татбиқи лоиҳаҳои имконпазир дар соҳаи таъмин бо таҷҳизоти насби лӯлаҳои газиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.




           

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти расонаҳои хабарии Русия, ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия 15 фоизи содироти ҷаҳонии нафт ва 27 фоизи содироти гази табиӣ рост меоянд. Минтақа (бо назардошти Русия) аз 9 фоизи захираҳои тасдиқшудаи нафт ва 30 фоизи захираҳои тасдиқшудаи газ бархӯрдор аст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.