Э.Раҳмон дар конфронси Қатар бахшида ба гузориши иҷрои қарорҳои соли 2002 дар Монтеррей қабулшуда иштирок мекунад

            Душанбе. 26-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байнулмилалӣ оид ба фаъолияти минбаъда дар соҳаи молиягузории рушд, ки соли 2002 дар Монтеррей (Мексика) ба тасвиб расида буд, иштирок хоҳад кард. Дар ин хусус вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобозода дар ҷараёни ҷаласаи VII -уми Кумитаи муштараки Иттиҳоди Аврупо-Тоҷикистон […]



           

Душанбе. 26-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байнулмилалӣ оид ба фаъолияти минбаъда дар соҳаи молиягузории рушд, ки соли 2002 дар Монтеррей (Мексика) ба тасвиб расида буд, иштирок хоҳад кард. Дар ин хусус вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобозода дар ҷараёни ҷаласаи


VII


-уми Кумитаи муштараки Иттиҳоди Аврупо-Тоҷикистон хабар дод. Ба қавли ӯ конфронс аз 29-уми ноябр то 3-уми декабр дар пойтахти Қатар – шаҳри Доха баргузор мешавад.





           

Хабари мазкурро дар хадамоти матбуоти сарвари давлат тасдиқ карда, афзуданд, ки Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари Эрон, ки рӯзҳои 26-28-уми ноябр пешбинӣ шудааст, озими Қатар хоҳад шуд.




           

Тибқи иттилои Маркази иттилооти Созмони Милали Муттаҳид, конфронси мазкур ба таҳлили иҷрои қарорҳои дар соли 2002 дар Монтеррей қабулгардида бахшида мешавад. Дар конфронси мазкур давлатҳо тавофуқ ҳосил карда буданд, ки кишварҳои мутараққиву сарватманд бо мақсади рушд ҳаҷми кӯмакҳоро ба кишварҳои қашшоқ зиёд мекунанд ва ин кишварҳо дар навбати худ ӯҳдадор шуда буданд, ки дар давлатҳои худ ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ роҳандозӣ намуда, собит месозанд, ки маблағи кӯмакҳо барои иҷрои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола истифода бурда шудаанд.




           

Маркази иттилооти СММ ҳамчунин хабар медиҳад, ки қарорҳои соли 2002 дар Монтеррей қабулгардида ба афзоиши ҳаҷми кӯмакҳо бо мақсади рушд аз ҷониби кишварҳои мададрасон мусоидат кардааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.