А.Диксон: БҶ метавонад ҳаҷми маблағгузориҳоро барои дастгирии рушди иқтисодии Тоҷикистон афзун намояд

            Душанбе. 26-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Аннет Диксонро бинобар анҷоми ваколаташ дар ин вазифа ба ҳузур пазируфт. А.Диксон пас аз ду ҳафта ба ҳайси мудири минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ифои вазифа хоҳад намуд.             Пас […]



           

Душанбе. 26-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Аннет Диксонро бинобар анҷоми ваколаташ дар ин вазифа ба ҳузур пазируфт. А.Диксон пас аз ду ҳафта ба ҳайси мудири минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ифои вазифа хоҳад намуд.





           

Пас аз мулоқот бо сарвари давлат А.Диксон изҳор дошт, ки дар мулоқот ба масъалаи таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва оқибатҳои он ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шуд. «Ҳарчанд Тоҷикистону дигар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта аз сарчашмаи бӯҳрон дур бошанд ҳам, онҳо таъсири бӯҳронро эҳсос хоҳанд кард», – гуфт ӯ.




           

А.Диксон бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон бояд ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ тезонида шавад, то иқтисоди кишвар пас аз бӯҳрон ба нишондиҳандаҳои аввала ва сипас афзоиши он ноил гардад. «Мо ҳамчунин масъалаи кӯмаки кишварҳои мададрасон ба Тоҷикистон, анҷоми стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар аввали соли оянда ва ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои мавҷударо низ мавриди баррасӣ қарор додем», – гуфт ӯ.




           

Дар мавриди арзёбии дурнамои муносиботи Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ва дигар сохторҳои молиявии ҷаҳонӣ А.Диксон изҳор дошт, ки феълан ин муносибот «хеле хуб» ба роҳ монда шудааст. Барои тасдиқи гуфтаҳои худ ӯ зикр кард, ки ҳамаи маблағҳои ҷудошуда дар Тоҷикистон муваффақона азхуд карда мешаванд.


«


Бонки ҷаҳонӣ метавонад ҳамкории худро бо Тоҷикистон тавсиа дода, ҳаҷми маблағгузориҳоро барои дастгирии рушди иқтисодӣ ва бартарафсозии таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ афзун намояд», – илова кард А.Диксон.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.