М.Убайдуллоев сатҳи ҳамкории Тоҷикистону Белорусро қаноатбахш арзёбӣ намуд

Душанбе. 26-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар Қасри Таврическии Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Раиси Шӯрои ҷумҳурии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Белорус ҷаноби Борис Батура ва Раиси Палатаи намояндагони Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Белорус ҷаноби Владимир Андрейченко мулоқот баргузор намуд. Дар ҷараёни мулоқоти дӯстона МаҳмадсаидУбайдуллоев раисони тозаинтихоби палатаҳои Маҷлиси Миллии […]


Душанбе. 26-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар Қасри Таврическии Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Раиси Шӯрои ҷумҳурии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Белорус ҷаноби Борис Батура ва Раиси Палатаи намояндагони Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Белорус ҷаноби Владимир Андрейченко мулоқот баргузор намуд.




Дар ҷараёни мулоқоти дӯстона МаҳмадсаидУбайдуллоев раисони тозаинтихоби палатаҳои Маҷлиси Миллии

 

Ҷумҳурии Белорусро оид ба шурӯи фаъолият дар вазифаҳои пурмасъулият самимона шодбош намуда, масоили ҳамкориҳои минбаъдаи байнипарламентии Тоҷикистону Белорусро мавриди муҳокима қарор дод.



Зикр гардид, ки дар партави муносиботи дӯстонаи кишварҳо ва ҳамкориҳои ҳамҷаворию мутақобилан судманд, ки аз сиёсати созандаи сарони ҳар ду мамолики дӯст сарчашма мегиранд, тақвияти робитаҳои байнипарламентӣ ва тавассути он густаришбахшии муносибатҳо, ки ҷавобгӯи потенсиали ҷомеаҳо бошад, иқдоми саривақтист.



Борис Батура ва Владимир Андрейченко дар навбати худ бо сипосмандӣ аз чунин пазироӣ ва баҳодиҳии ҷониби Тоҷикистон нисбати интихоботи парламентии сипаригашта дар Ҷумҳурии Белорус зикр намуданд, тамоми кӯшишҳо ба он равона хоҳад гардид, ки робитаҳои байнипарламентии ду ҷониб дар

 

сатҳи ҷавобгӯи талаботу ниёзмандии ҷомеаҳо равона хоҳад гашт.



Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи парламентӣ ва дар доираи ташкилотҳои бонуфузи парламентии байналмиллалӣ, аз ҷумла Ассамблеяҳои парламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва СААД махсус таъкид намуданд. Барои мустаҳкам намудани робитаҳо қайд карда шуд, ки гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории миёни парламентҳои кишварҳоямон таъсис дода шавад.




 

Мулоқот бо даъвати тарафҳо оид ба анҷоми ташрифи расмӣ аз кишварҳои дӯст ба поён расид. Дар ин бора ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов аз шаҳри Санкт-Петербург хабар дод.


 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.