Миёни Душанбеву Петербург дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, илму техника ва фарҳанг созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасад

            Душанбе. 26-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Агентии иттилоот оид ба тиҷорати Русия бо такя ба изҳороти губернатори шаҳри Санкт-Петербург Валентина Матвиенко ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев хабар медиҳад, ки зимни мулоқоти дуҷониба изҳор гардидааст, ки соли оянда миёни Душанбеву Петербург дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, илму техника ва фарҳанг созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасад. […]



           

Душанбе. 26-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Агентии иттилоот оид ба тиҷорати Русия бо такя ба изҳороти губернатори шаҳри Санкт-Петербург Валентина Матвиенко ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев хабар медиҳад, ки зимни мулоқоти дуҷониба изҳор гардидааст, ки соли оянда миёни Душанбеву Петербург дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, илму техника ва фарҳанг созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасад.





           

В.Матвиенко роҳандозии ҳамкориҳоро дар масъалаи таъмини шаҳри Душанбе бо таҷҳизоти мошинсозӣ ва энергетикӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, рушди сохтмон, зерсохтори шаҳр, маълумоти олӣ, сайёҳӣ ва фарҳанг барои ҳарду ҷониб муҳим арзёбӣ кардааст.




           

Дар навбати худ, М.Убайдуллоев зикр кардааст, ки таҷрибаи шаҳри Санкт-Петербург дар соҳаҳои хоҷагидорӣ ва рушди иқтисоду зерсохтори шаҳр ибратомӯз аст. «Феълан барои Тоҷикистон масъалаи рушди бахши гидроэнергетика, аз ҷумла омодасозии мутахассисон дар ин соҳа муҳим аст», – гуфтаст ӯ.




           

Гуфта мешавад, ки соли 2007 аз рӯи муомилоти савдои хориҷии минтақаҳои Русия бо Тоҷикистон шаҳри Санкт-Петербург мақоми аввалро ишғол кардааст. В.Матвиенко қайд кардааст, ки муносиботи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аҳамияти вижа дошта, ду соли ахир тамоюли густаришу тавсеъаи он мушоҳида мегардад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.