Дар Душанбе намоишгоҳи асарҳои рассомони тоҷик баргузор мешавад

Date:



           

Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи асарҳои 8 рассоми тоҷик ифтитоҳ мегардад.





           

Тавре аз дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар толори дафтари корӣ асарҳои рассосони шинохтаи тоҷик Муҳаммаднаққрш Шарипов, Анваршо Сайфиддинов, Умед Аҳмедов ва Бахтиёр Одинаев ба маърази тамошо гузошта хоҳанд шуд.




           

Ба иттилои манбаъ, асарҳои ин рассомон соли ҷорӣ аллакай дар толори дафтари корӣ гузошта шуда буданд. «Дар намоишгоҳ маҷмӯи асарҳои интихобии рассомон, ки бо назардошти анъанаҳои миллӣ офарида шудаанд, пешкаши тамошобинон хоҳад шуд», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки рӯзи 27-уми ноябр дар чаҳорчӯбаи баргузории намошгоҳ фурӯши асарҳо ба хоҳишмандон низ ба роҳ монда хоҳад шуд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related