ҶСК «Агроинвестбонк» барои мизоҷони худ Маркази робита боз кард

Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии кушоди «Агроинвестбонк» барои мизоҷони худ Маркази робита боз кард. Тавре аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аз ин ба баъд мизоҷони бонк ба суолҳои худ доир ба хизматрасониҳои бонк, макони ҷойгиршавии шӯъбаҳои бонк, нуқтаҳои интиқоли маблағ, ҷойгиршавии банкоматҳо ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳашон метавонанд тавассути […]


Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии кушоди «Агроинвестбонк» барои мизоҷони худ Маркази робита боз кард.




Тавре аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аз ин ба баъд мизоҷони бонк ба суолҳои худ доир ба хизматрасониҳои бонк, макони ҷойгиршавии шӯъбаҳои бонк, нуқтаҳои интиқоли маблағ, ҷойгиршавии банкоматҳо ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳашон метавонанд тавассути телефони 600-68-68 посух бигиранд.



Ба иттилои манбаъ, кормандони маркази робита ба мизоҷон тарзи пур кардани асноди бонкӣ ва истифодаи онро дақиқу мушаххас шарҳ хоҳанд дод. «Мизоҷон аз маркази робита ҳамчунин метавонанд оид ба низомҳои мавҷудаи интиқоли маблағ ва ҳама гуна намудҳои хизматрасонии бонкӣ маълумот дастрас кунанд», – гуфт сарчашма.



Зикр гардид, ки ин навъи хизматрасонии тозаи бонк бо мақсади беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ ва дастрасии бештари мардум ба маълумот оид ба бонк ва хизматрасониҳои он роҳандозӣ мегардад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.