ҶСК «Агроинвестбонк» барои мизоҷони худ Маркази робита боз кард

Date:


Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии кушоди «Агроинвестбонк» барои мизоҷони худ Маркази робита боз кард.




Тавре аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аз ин ба баъд мизоҷони бонк ба суолҳои худ доир ба хизматрасониҳои бонк, макони ҷойгиршавии шӯъбаҳои бонк, нуқтаҳои интиқоли маблағ, ҷойгиршавии банкоматҳо ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳашон метавонанд тавассути телефони 600-68-68 посух бигиранд.



Ба иттилои манбаъ, кормандони маркази робита ба мизоҷон тарзи пур кардани асноди бонкӣ ва истифодаи онро дақиқу мушаххас шарҳ хоҳанд дод. «Мизоҷон аз маркази робита ҳамчунин метавонанд оид ба низомҳои мавҷудаи интиқоли маблағ ва ҳама гуна намудҳои хизматрасонии бонкӣ маълумот дастрас кунанд», – гуфт сарчашма.



Зикр гардид, ки ин навъи хизматрасонии тозаи бонк бо мақсади беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ ва дастрасии бештари мардум ба маълумот оид ба бонк ва хизматрасониҳои он роҳандозӣ мегардад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...