Имсол макотиби кишварро 101 ҳазор нафар хатм карданд

Соли равон макотиби таҳсилоти умумии Тоҷиистонро 101 ҳазор нафар толибилмон хатм карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, аз шумори умумии хатмкунандагони синфи 11-ум 49%-ашонро духтарон ташкил медиҳанд. Имрӯз «Занги камолот» ҳамчунин барои 151 ҳазор нафар хатмкунандагони синфи 9-ум садод дод, ки 45%-ашон духтаронанд. Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик барои хатмкунандагони […]

Виктория Наумова


Соли равон макотиби таҳсилоти умумии Тоҷиистонро 101 ҳазор нафар толибилмон хатм карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, аз шумори умумии хатмкунандагони синфи 11-ум 49%-ашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Имрӯз «Занги камолот» ҳамчунин барои 151 ҳазор нафар хатмкунандагони синфи 9-ум садод дод, ки 45%-ашон духтаронанд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-и макотиби таҳсилоти умумӣ имтиҳонҳо оғоз мегарданд.

Имрӯз дар маҷмӯъ барои 1,7 млн. нафар толибилмони қариб 4 ҳазор мактаби таҳсилоти умумии кишвар «Занги камолот» садо дод.

Дар Вазорати маориф гуфтанд, ба хотири пешгирии ҳолатҳои ногувор ва таъмини бехатарии толибилмон баргузории ҳама гуна чорабиниҳои оммавии хатмкунандагон манъ карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.