Санҷиши ронандагони нақлиёти ҷамъиятии пойтахт

Мақомоти милисаи пойтахт таҳти сарварии сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе Абдураҳмон Бузмаков ҷиҳати ошкор сохтани воситаҳои нақлиётие, ки ғайриқонунӣ ба ҳамлу нақли мусофирон машғуланд, рейди махсус мегузаронад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Душанбе, масъули бахши нақлиёти пойтахт Абдулҳақ Оев хабар дод, ронандагоне, ки ба қоидаҳои мусофиркашонӣ дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт риоя намекунанд, […]

Аваз Юлдошев


Мақомоти милисаи пойтахт таҳти сарварии сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе Абдураҳмон Бузмаков ҷиҳати ошкор сохтани воситаҳои нақлиётие, ки ғайриқонунӣ ба ҳамлу нақли мусофирон машғуланд, рейди махсус мегузаронад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Душанбе, масъули бахши нақлиёти пойтахт Абдулҳақ Оев хабар дод, ронандагоне, ки ба қоидаҳои мусофиркашонӣ дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт риоя намекунанд, ба ҷавогарии маъмурӣ кашида хоҳанд шуд.

«Мо ба ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, ки ба талабот ҷавобгӯянд, гирифтани иҷозатномаи дахлдор ва рақамҳои зарди силсилаи «ТТ» барои чунин навъи фаъолиятро пешниҳод кардем», – гуфт ӯ.

Ба қавли муовини раиси пойтахт, шуъбаи БДА-и РКД-и шаҳри Душанбе фаъолияти терминалҳои наздишаҳриро таҳти назорати қатъӣ қарор додааст, то ки ба фаъолияти онҳо дар қаламрави шаҳр роҳ надиҳад.

Бино ба маълумоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии пойтахт, дар зарфи ду рӯзи рейд беш аз 150 адад воситаи нақлиёти мусофиркаш ба истгоҳҳои ҷаримавӣ оварда шудааст, ки ронандагони онҳо дар қаламрави шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғул буданд.

«Ронандагоне, ки иҷозатномаи дахлдор ва шаҳодатномаи тиббӣ надоранд, талаботи қонунгузории маъмуриро риоя намекунанд. Ғайр аз ин, чунин воситаи нақлиёт қабл аз оғози кор аз назорати техникии таъиншуда намегузарад ва ин омил метавонад ба ҳаёти мусофирону таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мушкилот эҷод созад», – гуфтанд дар раёсати мазкур.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.