Озмуни мақомоти шаҳрдории Кӯлоб оид ба тозагӣ ва ободонӣ

Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб оид ба баргузории озмун дар мавриди тозагии кӯчаву маҳалла, хиёбону боғҳои истироҳат ва қаламрави мансуб ба муассисаҳо озмун эълон кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Зулайхо Комилова хабар дод, комиссияи махсус аз ҷараёни озмун тибқи як қатор нишондиҳандаҳо – аз тозагии кӯчаву хиёбон ва мавзеҳои атрофи биноҳои истиқоматӣ то […]

Турко Дикаев


Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб оид ба баргузории озмун дар мавриди тозагии кӯчаву маҳалла, хиёбону боғҳои истироҳат ва қаламрави мансуб ба муассисаҳо озмун эълон кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Зулайхо Комилова хабар дод, комиссияи махсус аз ҷараёни озмун тибқи як қатор нишондиҳандаҳо – аз тозагии кӯчаву хиёбон ва мавзеҳои атрофи биноҳои истиқоматӣ то муносибати бошандагони он ба ҳамсоягон аз қишри камбизоати аҳолӣ ва маъюбону собиқадорон натиҷагирӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи ӯ, ба ғолибони озмун дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 36 ҳазор сомонӣ ҷоизаву мукофотҳо пешбинӣ шудаанд. «Ҳадафи аслии ин чорабинӣ ҷалби ҳарчи бештари сокинони шаҳру навоҳӣ ба тозаву озода нигоҳ доштани макони истиқомат ва саҳм гузоштан дар ободонии кишвар аст», – иброз дошт З.Комилова ва афзуд, ки натиҷаҳои озмун дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 20-умин солгарди иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ҷамъбаст мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.