Пешниҳоди тағйири номгузории чанде аз кӯчаҳои пойтахт

Чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарореро ба имзо расонид, ки дар он тағйири номгузории чанде аз кӯчаҳои пойтахт пешниҳод мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбен Шавкат Саидов хабар дод, қарори мазкур бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи арбобони шинохтаву маъруфи адабиёту фарҳанги мардуми тоҷик, ки дар рушди фарҳанги ватанӣ саҳми […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарореро ба имзо расонид, ки дар он тағйири номгузории чанде аз кӯчаҳои пойтахт пешниҳод мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбен Шавкат Саидов хабар дод, қарори мазкур бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи арбобони шинохтаву маъруфи адабиёту фарҳанги мардуми тоҷик, ки дар рушди фарҳанги ватанӣ саҳми босазо гузоштаанд, қабул шудааст.

«Дар қарори раиси пойтахт пешниҳод мегардад, ки кӯчаи 9 январи ноҳияи Сино ба номи Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Сафармуҳаммад Айюбӣ, кӯчаи Привокзальнаяи ноҳияи Шоҳмансур ба номи Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Қутбӣ Киром ва кӯчаи Пионерскаяи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ба номи Ҳунарпешаи халқии  Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, вакили мардумии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, профессор Ҳанифа Мавлонова номгузорӣ шавад», – гуфт Ш.Саидов.

Номбурда афзуд, назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Н. Хайруллоев  вогуузор гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.