Олимони бахш иқтисоди кишварҳои узви ИДМ дар Екатеринбург ҷамъ меоянд

            Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи ҷумъа, 28-уми ноябр дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷаласаи навбатии маҳфили Иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кор шурӯъ мекунад. Дар кори он олимони бахши иқтисоди кишварҳо ширкат хоҳанд варзид. Тоҷикистонро дар ин ҷаласа мудири Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ профессор Нуриддин Қаюмов […]

Пайрав Чоршанбиев




           

Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи ҷумъа, 28-уми ноябр дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷаласаи навбатии маҳфили Иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кор шурӯъ мекунад. Дар кори он олимони бахши иқтисоди кишварҳо ширкат хоҳанд варзид. Тоҷикистонро дар ин ҷаласа мудири Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ профессор Нуриддин Қаюмов намояндагӣ мекунад.







           

Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» профессор изҳор дошт, ки дар ҷаласа баррасии масоили сабаб, хавфҳои глобал




ӣ




ва оқибатҳои б




ӯ




ҳрони моливии




ҷ




аҳон дар назар аст. «Бӯҳрони молиявӣ аллакай ба иқтисоди аксари кишварҳо асар гузошт ва ҷиҳати таҳлил барои олимон маълумоти зиёде мавҷуд аст», – гуфт ӯ.






           

Дар мавриди шарҳи таъсири бӯҳрон Н.Қаюмов чунин изҳори назар кард, ки айни замон чанде аз таълимоти назариявии улуми иқтисод бо назардошти бӯҳрони молиявӣ бознигарӣ мешаванд. «Бо назардошти шароите, ки иттилоот дар муддати сония ба саросари ҷаҳон мерасаду имкон медиҳад, базудӣ аз тағйироти иқтисодӣ огоҳ гардӣ, як қатор назарияҳои рушди хоҷагидории ҷаҳон ислоҳу бознигарӣ тақозо мекунанд», – афзуд олим.





Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои қаблии хабаргузории ИТАР-ТАСС, дар




ҷ




аласа ҳамчунин баррасии масъалаи таъсиси мукофотпулии маҳфил ба маблағи 10 ҳазор доллари ИМА барои 2 олими беҳтарин низ ба нақша гирифта шудааст.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон