Имрӯз дар Баткен котибони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон масоили баҳсталаби марзи кишварҳоро баррасӣ мекунанд

            Душанбе. 22-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Баткени Қирғизистон зимни мулоқоти котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов ва Қирғизистон Адахон Мадумаров масоили аломатгузорӣ ва муайян кардани хати сарҳади кишварҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад.             Тавре аз Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо рафти иҷрои қарордоди дар мулоқоти […]



           

Душанбе. 22-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Баткени Қирғизистон зимни мулоқоти котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов ва Қирғизистон Адахон Мадумаров масоили аломатгузорӣ ва муайян кардани хати сарҳади кишварҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад.





           

Тавре аз Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо рафти иҷрои қарордоди дар мулоқоти моҳи апрел дар Исфара баргузоршударо муҳокима хоҳанд кард. Қобили зикр аст, ки моҳи апрел дар мулоқоти Исфара масоили мубориза бо ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккил, баргузории амалиёти муштарак ҷиҳати мудофиаи марзи кишварҳо ва танзими вазъҳои баҳсбарангез дар марз мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд.




           

Дар он мулоқот дар сатҳи раисони вилоят ва ноҳияҳои сарҳадӣ ташкили ситоди пешгирӣ ва ҳалли вазъҳои баҳсӣ дар марз қарор қабул шуда буд. Ҳамзамон ҷонибҳо ба мувофиқа расида буданд, ки то муайян кардану аломатгузории хати сарҳади кишварҳо дар қаламравҳои баҳснок ягон фаъолияти хоҷагидорӣ бурда нашавад. «Бо ташаббуси Тоҷикистон аз марзбонони қирғиз дархост шуда буд, ки ҷиҳати беҳбуди шароити равуои бемалоли шаҳрвандони тоҷик ба деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара дар бораи аз байн бардоштани посгоҳи марзии «Бедак» чораҷӯӣ намоянд», – афзуд манбаъ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.