Тавассути барномаи «Жди меня» дар Тоҷикистону Русия 100 нафар ба дидори хешону наздикони худ расид

            Хуҷанд. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тавассути барномаи «Жди меня» (Маро интизор бош)-и шабакаи аввали телевизиони Русия дар Тоҷикистону Русия 100 нафар ба дидори хешону наздикони худ расид, ки солҳои тӯлонӣ онҳоро ҷустуҷӯ мекарданд.             Тавре кӯмакрасони ихтиёрии барнома дар шаҳри Хуҷанд Баҳринисо Абдураҳмонова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҷустуҷӯи хешону наздикони чанде аз […]



           

Хуҷанд. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тавассути барномаи «Жди меня» (Маро интизор бош)-и шабакаи аввали телевизиони Русия дар Тоҷикистону Русия 100 нафар ба дидори хешону наздикони худ расид, ки солҳои тӯлонӣ онҳоро ҷустуҷӯ мекарданд.





           

Тавре кӯмакрасони ихтиёрии барнома дар шаҳри Хуҷанд Баҳринисо Абдураҳмонова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҷустуҷӯи хешону наздикони чанде аз муроҷиаткардагон муддатҳои тӯлонӣ давом кардааст ва ба туфайли фаъолияти муштараки 600 нафар кӯмакрасони ихтиёрии барнома дар саросари ҷаҳон ин ҷустуҷӯҳо мувафффақона анҷом ёфтаанд.




           

Чанд рӯзе қабл хешовандони зодаи Чеченистон – Анатолий Калайтанови 57-сола ёфт шуданд. А.Калайтанов 20 сол дар сохтмон кор карда, сипас дар Тоҷикистон аз манзили зист маҳрум гашта, бекор монда буд ва базӯр зиндагии худро паси сар мекард. «Пас аз таҳияи ҳуҷҷатҳо аз ҳисоби барнома чипта харида, тавассути ҳавопаймо ӯро ба ватанаш – назди хешу ақрабо гусел хоҳем кард», – гуфт Б.Абдураҳмонова.




           

Номбурда афзуд, ки феълан 70 аризаи шаҳрвандон оид ба кӯмак намудан дар мавриди ҷустуҷӯи хешу ақрабо мавриди баррасӣ қарор дорад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.