Дар ҷумҳурӣ кишти тирамоҳии зироатҳо босуръат ҷараён дорад

Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Кишоварзони ҷумҳурӣ ба номусодии обу ҳавои фасли тирамоҳ нигоҳ накарда, ҳафтаи гузашта шудгор ва кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзиро давом доданд. Тибқи маълумоти фаврии Раёсати рустанипарварии вазорати кишоварзӣ имсол дурнамои шудгори тирамоҳии заминҳои ғалладона, картошка ва сабзавот 238800 гектар мебошад. Дар ҷумҳурӣ то 24.11.08 дар майдони 109807 гектар шудгори тирамоҳии […]


Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Кишоварзони ҷумҳурӣ ба номусодии обу ҳавои фасли тирамоҳ нигоҳ накарда, ҳафтаи гузашта шудгор ва кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзиро давом доданд. Тибқи маълумоти фаврии Раёсати рустанипарварии вазорати кишоварзӣ имсол дурнамои шудгори тирамоҳии заминҳои ғалладона, картошка ва сабзавот


238800 гектар

мебошад. Дар ҷумҳурӣ то 24.11.08 дар майдони

109807 гектар

шудгори тирамоҳии ин зироатҳо

 


 

гузаронида шудаст, ки ин 46,0 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.





     


     


 

Кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона тибқи дурнамо имсол дар майдони

229500 гектар

гузаронида мешавад, айни замон дар ҷумҳурӣ 115082 гектари он аллакай кишт карда шудааст, ки 50,1 фоизи дурнамо буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта

57633 гектар

зиёд мебошад. Аз он ҷумла дар майдони

10992 гектар

кишти тирамоҳии гандум гузаронида шудааст.




  


    


   

Дар

 

асоси дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 170 ҳазор гектар кишти

 

тирамоҳӣ дар заминҳои обӣ гузаронида мешавад, ки 84599 гектари он алакай кишт карда шудааст, ки ин 49,8 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.




     

Инчунин имсол дар ҷумҳурӣ дар

 

майдони

3250 гектар

кишти тирамоҳии картошка гузаронида мешавад, то имрӯз бошад,

58 гектар

кишт карда шудааст, ки 1,8 фоизи дурнамо мебошад. Дар майдони



6050 гектар

бошад,
кишти тирамоҳии сабзавот гузаронида мешавад ва

 

3011 гектари он аллакай кишт карда шудааст,ки ин баробари 49,8 фоизи дурнамо мебошад. Дар ин бора аз маркази матбуот ва иттилооти вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.