Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи госпитал барои хизматчиёни Гвардияи миллӣ иштирок кард

Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз дар шаҳраки Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маросими ифтитоҳи госпитал барои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии ҷумҳурӣ доир гардид. Тавре аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, то ин дам хизматчиёни ин сохтори низомӣ чунин муассисаи тиббӣ надоштаанд. Президент бо утоқҳои […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз дар шаҳраки Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маросими ифтитоҳи госпитал барои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии ҷумҳурӣ доир гардид.




Тавре аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, то ин дам хизматчиёни ин сохтори низомӣ чунин муассисаи тиббӣ надоштаанд. Президент бо утоқҳои бинои нави госпитал шинос гардид. «Ҳукумати Чин госпиталро бо таҷҳизоти тиббии замонавӣ таъмин кард», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои манбаъ, госпитал аз 9 шӯъба, лаборатоиря ва дорухона иборат аст. Дар ин муассисаи тиббӣ барои дар як вақт ба 120 нафар хизматчиёни ҳарбӣ кӯмаки тиббӣ расонидан тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.



Манбаъ афзуд, ки дар госпитал ҳайати шахсии корозмудаву соҳибкасб машғули коранд. Муассисаи тиббии низомӣ дорои 6 мошини ёрии таъҷилӣ ва 1 автобус аст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.