Иҷозати ҳаракати мошинҳои боркаши бузургҳаҷм тавассути ағбаи Шаҳристон

Дар ағбаи Шаҳристон, ки минтақаи шимоли кишварро бо ҷануб мепайвандад, бинобар ҳолати бади роҳ дар баъзе қисматҳо, қариб муддати 40 рӯз ҳаракати 60 адад автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм (фура) манъ гардида буд. Аммо рӯзи 1-уми июн 40 автомашинаи бузургҳаҷм бо ҳамроҳии кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ин қисмати хатарноки роҳро гузашта, ба сафари худ идома доданд. Дар […]

Мунаввара Рябикина


Дар ағбаи Шаҳристон, ки минтақаи шимоли кишварро бо ҷануб мепайвандад, бинобар ҳолати бади роҳ дар баъзе қисматҳо, қариб муддати 40 рӯз ҳаракати 60 адад автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм (фура) манъ гардида буд.

Аммо рӯзи 1-уми июн 40 автомашинаи бузургҳаҷм бо ҳамроҳии кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ин қисмати хатарноки роҳро гузашта, ба сафари худ идома доданд.

Дар ҳамин ҳол, то ҳанӯз дар ағба боз якчанд чунин автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм боқӣ мондаанд. Ба ОИ «Азия-Плюс» як ронандаи чунин автомашина аз Украина бо исми Николай муроҷиат карда, изҳор дошт, ки то ҳол дар ағба қарор дорад.

«Ба мо ваъда доданд, ки пас аз гузаронидани автомашинаҳои пешин ҳаракати нақлиёти моро низ бо ҳамроҳии кормандони БДА таъмин мекунанд, вале имрӯз аллакай чор рӯз сипарӣ гаштаву ҳеҷ натиҷае нест. Мо то ҳанӯз дар ағбаем», – -гуфт номбурда.

Ба қавли ӯ, айни замон дар ағбаи Шаҳристон 21 автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм қарор доранд, ки 11-тоаш аз Украина буда, 10-тоаш аз Туркия аст.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба ин масъала қаблан муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёр Худоёров изҳор кард, ки манъи ҳаракати автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм бинобар сабаби вазъи ғайриқаноатбахши роҳ дар ағбаи Шаҳристон сурат гирифтааст.

«Ин роҳ натанҳо аз гардишҳои тангу ҷаридор иборат аст, балки ба обшавии барф ҳам тобовар нест, бинобар он, бисёр қисматҳояш тез-тез хароб мешаванд», – гуфта буд муовини вазири нақлиёт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.