Дар мулоқоти муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати намояндагони Бонки осиёгии рушд (БОР) таҳти сарварии коршиноси масоили нақлиёти Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Сзенг Ву дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаи таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз котиботи Вазорати молияи ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаи таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳа таваҷҷуҳ зоҳир сохта, зикр карданд, ки амалисозии лоиҳа дар фурсати наздиктарин оғоз мегардад.
Дар иттилои Вазорати молия зикр мегардад, ки лоиҳаи мазкур бо шумули таъмиру таҷдиди заҳбуру пулҳо дар маҷмӯъ азнавсозии 113 километр роҳро дарбар мегирад. Ҳамчунин дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа то гузаргоҳи «Дӯстӣ» дар марзи Ӯзбекистон кашидани хатти интиқоли барқ ба нақша гирифта шудааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили маблағгузорӣ ба лоиҳа, зарурати сармоягузории муштарак ва ҳалли мушкилоти марбут ба қисман кӯчонидани аҳолӣ дар ҷараёни татбиқи лоиҳа изҳори назар карданд.






