Баррасии татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон

Дар мулоқоти муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати намояндагони Бонки осиёгии рушд (БОР) таҳти сарварии коршиноси масоили нақлиёти Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Сзенг Ву дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаи таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре аз котиботи Вазорати молияи ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаи […]

Виктория Наумова


Дар мулоқоти муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати намояндагони Бонки осиёгии рушд (БОР) таҳти сарварии коршиноси масоили нақлиёти Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Сзенг Ву дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаи таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз котиботи Вазорати молияи ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаи таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳа таваҷҷуҳ зоҳир сохта, зикр карданд, ки амалисозии лоиҳа дар фурсати наздиктарин оғоз мегардад.

Дар иттилои Вазорати молия зикр мегардад, ки лоиҳаи мазкур бо шумули таъмиру таҷдиди заҳбуру пулҳо дар маҷмӯъ азнавсозии 113 километр роҳро дарбар мегирад. Ҳамчунин дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа то гузаргоҳи «Дӯстӣ» дар марзи Ӯзбекистон кашидани хатти интиқоли барқ ба нақша гирифта шудааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили маблағгузорӣ ба лоиҳа, зарурати сармоягузории муштарак ва ҳалли мушкилоти марбут ба қисман кӯчонидани аҳолӣ дар ҷараёни татбиқи лоиҳа изҳори назар карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.