Ба муносибати ҷашнгирии 100 рӯз то оғози бозиҳои параолимпии соли 2012 дар Лондон сафорати Британияи Кабир дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии параолимпӣ ва дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21 май чорабинии варзиширо бо иштироки варзишгарони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ доир намуд.
Тавре аз сафорати Британия Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқаи тениси рӯи миз ва вазнбардорӣ, ки бо ҳузури зиёда аз 100 тамошобин дар маркази ҷумҳуриявии барои нафарони дорои маҳдудияти ҷисмонӣ доир гашт 38 нафар варзишгарон иштирок намуданд. Тӯҳфаҳои олимпӣ аз тарафи сафорати Британияи Кабир ва Кумитаи миллии параолимпӣ ба ғолибон тақдим гардид.
Ҷаноби Робин Орд-Смит, Сафири Британия Кабир гуфт: “Британияи Кабир мероси қавиро дар рушди варзиш барои одамони дорои маҳдудияти ҷисмонӣ соҳиб аст ва мо имрӯз фахр мекунем, ки Стоук Мондевилл макони тавлиди бозиҳои параолимпӣ мебошад. Соли 2012 Лондон ният дорад, ки на танҳо яке аз бозиҳои калон, ҳамчунин яке аз бозиҳои беҳтарини параолимпиро гузаронад. Ман хурсандам, ки тавонистем гузаронидани мусобиқаи имрӯзаро дастгирӣ намоем. Имрӯз ман бо ҳаловати зиёд баромади варзишгарони тоҷик тамошо кардам. Мо бесаброна интизори идомаи ҳамкориҳо ба мақомоти марбута дар самти таъмини мероси қавии олимпиадаи Лондон-2012 барои варзишгарони дорои маҳдудияти ҷисмонӣ дар Тоҷикистон мебошем.”
Аз ҷониби хеш, ҷаноби Абдурауф Олимов, Дабири кулии Кумитаи миллии параолимпӣ гуфт: “Мо ташаббуси сафорати Британияи Кабирро дар мавриди омода ва гузаронидани ин мусобиқа бахшида ба 100 рӯз то саршавии бозиҳои параолимпӣ-2012 дар шаҳри Лондон ба хурсандӣ пазируфтем. Мо умедворем, ки тими параолимпии Тоҷикистон бо дастовардҳои бештаре аз замони бозиҳои олимпии Пекин ба ватан бармегардад.”