Муовини раиси БМТ дар чорабиниҳои ҷашнии ба муомилот баровардани драми арманӣ ширкат меварзад

Date:


Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон – Ҷамшед Юсуфов дар чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 15-солагии ба муомилот бароварда шудани драми арманӣ – воҳиди пулии Арманистон ширкат меварзад. Чорабинихо имрӯз дар шаҳри Ереван оғоз гардида, то фардо идома хоҳанд кард.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки Миллии кишвар хабар доданд, Юсуфов имрӯз ҳамчунин дар мизи мудаввари «Суботи молӣ дар ҷаҳони тағйирёбанда» иштирок хоҳад кард.




 

Ба иттилоъи хадамоти матбуоти Бонки миллии Арманистон, дар чорабиниҳои ҷашнӣ ҳамчунин муовини раҳбари Сандуқи байналмилалии пул – Мурилё Португал, сарвари иҷроияи созмони мазкур – Эйч Баккер, инчунин намояндагони бонкҳои марказӣ ва миллии Албания, Сербистон, Гурҷистон, Белорус, Қазоқистон, Русия, Булғористон, Юнон ва Ҳоланд ширкат меварзанд.

     



 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...