Дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ тоҷикону ӯзбекон аз ҳама бештар аз Русия маблағи пулӣ фиристоданд

            Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ аз Русия тоҷикону ӯзбекон аз ҳама бештар маблағи пулӣ интиқол додаанд.             Дар гузориши интишорнамудаи Бонки Марказии Русия гуфта мешавад, ки дар ин давра ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз Русия мутаносибан ба 51 ва 67,8 фоиз афзудааст. Пас аз ин […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ аз Русия тоҷикону ӯзбекон аз ҳама бештар маблағи пулӣ интиқол додаанд.





           

Дар гузориши интишорнамудаи Бонки Марказии Русия гуфта мешавад, ки дар ин давра ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз Русия мутаносибан ба 51 ва 67,8 фоиз афзудааст. Пас аз ин кишварҳо Арманистон (34,9 фоиз) ва Озарбойҷон (34,6 фоиз) ҷойгир шудаанд.




           

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон, ҳаҷми маблағи интиқолкардаи шахсони воқеӣ тавассути ниҳодҳои расмии молиявӣ аз Русия ба Тоҷикистон қариб 17 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳанд.



Раҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ бар ин назар аст, ки саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2007 ба $1,5 млрд. баробар аст, ки муодили 36 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.