Дар ИМА мутахассисони тоҷик оид ба масоили сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия таҷриба меомӯзанд

            Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати савдои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз оғози татбиқи барномаи махсуси таҷрибаомӯзиҳои корӣ таҳти унвони « SABIT » хабар дод.             Тавре аз сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, барнома бо мақсади шиносоии мутахассисон бо фаъолияти ширкатҳои амрикоӣ дар бахши сарфаи энергия, танзими кори ин соҳа, […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати савдои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз оғози татбиқи барномаи махсуси таҷрибаомӯзиҳои корӣ таҳти унвони «


SABIT


» хабар дод.





           

Тавре аз сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, барнома бо мақсади шиносоии мутахассисон бо фаъолияти ширкатҳои амрикоӣ дар бахши сарфаи энергия, танзими кори ин соҳа, роҳандозии муносиботи кории тарафайн, мизони хизматрасонӣ, фаъолияти молиявӣ ва тарзи пешбурди фаъолияти соҳа дар шароити иқтисоди бозорӣ амалӣ мегардад.




           

Ба иттилои манбаъ, таҷрибаомӯзии чорҳафтаина аз як ҳафтаи машғулиятҳои назариявӣ ва се ҳафтаи машғулиятҳои амалӣ иборат буда, моҳҳои феврал-марти соли 2009 доир мегардад. «Мутахассисон бевосита бо фаъолияти ширкатҳо ва иттиҳодияҳои Амрико оид ба сарфаи энергия аз наздик ошно хоҳанд гашт», – гуфт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки тамоми хароҷоти сафар, будубош ва таҷрибаомӯзии мутахассисонро ҳукумати Амрико ба ӯҳдаи худ мегирад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.