Муовини раиси БМТ дар чорабиниҳои ҷашнии ба муомилот баровардани драми арманӣ ширкат меварзад

Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон – Ҷамшед Юсуфов дар чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 15-солагии ба муомилот бароварда шудани драми арманӣ – воҳиди пулии Арманистон ширкат меварзад. Чорабинихо имрӯз дар шаҳри Ереван оғоз гардида, то фардо идома хоҳанд кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки Миллии кишвар хабар доданд, Юсуфов […]

Виктория Наумова


Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон – Ҷамшед Юсуфов дар чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 15-солагии ба муомилот бароварда шудани драми арманӣ – воҳиди пулии Арманистон ширкат меварзад. Чорабинихо имрӯз дар шаҳри Ереван оғоз гардида, то фардо идома хоҳанд кард.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки Миллии кишвар хабар доданд, Юсуфов имрӯз ҳамчунин дар мизи мудаввари «Суботи молӣ дар ҷаҳони тағйирёбанда» иштирок хоҳад кард.




 

Ба иттилоъи хадамоти матбуоти Бонки миллии Арманистон, дар чорабиниҳои ҷашнӣ ҳамчунин муовини раҳбари Сандуқи байналмилалии пул – Мурилё Португал, сарвари иҷроияи созмони мазкур – Эйч Баккер, инчунин намояндагони бонкҳои марказӣ ва миллии Албания, Сербистон, Гурҷистон, Белорус, Қазоқистон, Русия, Булғористон, Юнон ва Ҳоланд ширкат меварзанд.

     



 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.