Ҳисоботи Тоҷикистон оид ба барҳам додани табъизи нажодӣ

Иҷлосияи навбатии Кумитаи СММ оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ имрӯз ба кор оғоз мекунад. Бино ба хабари Маркази иттилооти СММ, ба рӯзномаи иҷлосия масоили баррасии гузоришҳои марҳилавии Австрия, Лихтенштейн, Ҷумҳурии Корея, Сенегал, Тоҷикистон, Таиланд, Фиҷи, Финландия ва Эквадор дар бораи қабули асноди қонунгузорӣ, судӣ, маъмурӣ ва дигар тадбирҳои ба барҳам додани табъизи […]

Пайрав Чоршанбиев


Иҷлосияи навбатии Кумитаи СММ оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ имрӯз ба кор оғоз мекунад.

Бино ба хабари Маркази иттилооти СММ, ба рӯзномаи иҷлосия масоили баррасии гузоришҳои марҳилавии Австрия, Лихтенштейн, Ҷумҳурии Корея, Сенегал, Тоҷикистон, Таиланд, Фиҷи, Финландия ва Эквадор дар бораи қабули асноди қонунгузорӣ, судӣ, маъмурӣ ва дигар тадбирҳои ба барҳам додани табъизи нажодӣ равонагардида ворид шудаанд.

Гуфта мешавад, кори иҷлосия то 31-уми август идома ёфта, баррасии гузориши Тоҷикистон рӯзҳои 8 ва 9-уми август пешбинӣ гардидааст. Санаи 28-уми август Кумита роҷеъ ба масъалаҳои табъизи нажодӣ бар асари бадбинӣ муколамаҳо доир менамояд.

Қобили зикр аст, ки Кумитаи СММ оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ аз 18 нафар коршиносон иборат буда, ҷиҳати назорати иҷрои Конвенсияи байнулмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми навъҳои табъизи нажодӣ таъсис дода шудааст.

Конвенсияи мазкур соли 1965 аз ҷониби Маҷмаи Кулли СММ қабул гардида, соли 1969 мавриди амал қарор гирифт. Марҳила ба марҳила 175 кишвари дунё, ки иштирокчии Конвенсияи мазкур мебошанд, дар назди Кумитаи СММ оид ба иҷрои талаботи ин санади байнулмилалии ҳуқуқӣ ҳисобот медиҳанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.