ҲНИТ ба Мавзуна Чориева манзили дуҳуҷрагӣ тақдим мекунад

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ваъдаи ба ҷоизадорони Олимпиадаи Лондон-2012 миёни варзишгарони тоҷик тақдим кардани манзили дуҳуҷрагиро тасдиқ намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲНИТ хабар дод, раиси ҳизб, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ ҳанӯз чанд муддате қабл аз оғози Бозиҳои олимпии Лондон-2012 эълон дошта буд, ки ҲНИТ ба варзишгарони тоҷике, ки […]

Аваз Юлдошев


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ваъдаи ба ҷоизадорони Олимпиадаи Лондон-2012 миёни варзишгарони тоҷик тақдим кардани манзили дуҳуҷрагиро тасдиқ намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲНИТ хабар дод, раиси ҳизб, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ ҳанӯз чанд муддате қабл аз оғози Бозиҳои олимпии Лондон-2012 эълон дошта буд, ки ҲНИТ ба варзишгарони тоҷике, ки дар ин мусобиқот ба ҷоизаҳо соҳиб мешаванд, дар шаҳри Душанбе манзили дуҳуҷрагӣ туҳфа хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 варзишгардухтари тоҷик Мавзуна Чориева дар мусобиқот оид ба бокс (вазни 60 кило) бар боксчии Чин Ченг Донг дастболо гардида, барои худ ҳадди ақал медали биринҷиро таъмин кард.

Дар даври ниманиҳоӣ Мавзуна Чориева рӯзи 8-уми август соати 18:00 бо вақти Душанбе бо қаҳрамони чаҳоркарата ва феълии ҷаҳон Кэти Тейлори 26-сола (Ирландия) қувваозмоӣ хоҳад кард.

Аввали соли равон сарвари давлати Тоҷикистон дар бораи таъини мукофотпулӣ ба ҷоизадорони Бозиҳои олимпии XXX-ум аз Тоҷикистон фармон ба имзо расонид. Мутобиқи он ба варзишгари тоҷике, ки медали тило ба даст овард, 300 ҳазор сомонӣ, ба дорандаи медали нуқра – 250 ҳазор сомонӣ ва ба дорандаи медали биринҷии Олимпиада 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ таъин карда шуд.

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба варзишгарони тоҷике, ки ба гирифтани медали тилои Олимпиада сазовор мегарданд, хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим карда, онҳоро ба унвони шаҳрванди фахрии пойтахт сарфароз мегардонад. Дорандагони медалҳои нуқра ва биринҷии Олимпиада аз Тоҷикистонро мақомоти шаҳрдории пойтахт мутаносибан бо 45 ҳазор ва 35 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз хоҳад кард.

Ғайр аз ин, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон эълом дошт, ки ба ҳамаи варзишгарони Тоҷикистон, ки соҳиби ҷойизаҳои Олимиада мегарданд, дар пойтахт хонаи дуҳуҷрагӣ туҳфа хоҳад намуд.

ҶСК «Ориёнбонк» дар бораи ба ҷойизадорони Бозиҳои Олимпиадаи Лондон аз Тоҷикистон туҳфа кардани автомобилҳои тамғаи «Лексус» изҳори омодагӣ кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд