Ҳалокати модару кӯдак бар асари садамаи нақлиёт

Дар канори шаҳри Душанбе дирӯз як ҳодисаи фоҷеабори садамаи нақлиёт рух дод. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, скоини 27-солаи шаҳри Душанбе Абдуманнон Нуров ҳангоми ҳаракат бо автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21015» дар яке аз кӯчаҳои шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2106» таҳти идораи Фатҳулло Файзуллоеви 35-сола […]

ASIA-Plus


Дар канори шаҳри Душанбе дирӯз як ҳодисаи фоҷеабори садамаи нақлиёт рух дод.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, скоини 27-солаи шаҳри Душанбе Абдуманнон Нуров ҳангоми ҳаракат бо автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21015» дар яке аз кӯчаҳои шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2106» таҳти идораи Фатҳулло Файзуллоеви 35-сола бармехӯрад.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин бархӯрд автомашинаи таҳти идораи А.Нуров ба канори роҳи пиёдагард берун баромада, сокини 38-солаи шаҳри Душанбе Вера Василенко ва писари 10-солаи ӯ Темурро пахш мекунад.

Зикр гардид, ки аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта модару кӯдак дар шифохона ба ҳалокат расидаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.