Ташрифи муовини вазири мудофиаи Русия ба Тоҷикистон

Муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов рӯзи 9-уми август ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом медиҳад, – иттилоъ медиҳад хабаргузории CA-News бо истинод ба як сарчашма аз доираҳои низомиву дипломатӣ. «Муовини вазир мудофиаи Русия Анатолий Антонов, ки масъули робитаҳои байнулмилалӣ аст, санаи 9-уми август ба Душанбе ташриф меорад», – гуфтааст сарчашмаи хабаргузорӣ. Ба иттилои манбаъ, муовини […]

ASIA-Plus


Муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов рӯзи 9-уми август ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом медиҳад, – иттилоъ медиҳад хабаргузории CA-News бо истинод ба як сарчашма аз доираҳои низомиву дипломатӣ.

«Муовини вазир мудофиаи Русия Анатолий Антонов, ки масъули робитаҳои байнулмилалӣ аст, санаи 9-уми август ба Душанбе ташриф меорад», – гуфтааст сарчашмаи хабаргузорӣ.

Ба иттилои манбаъ, муовини вазири мудофиаи Русия бо як зумра мансабдорони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дидору гуфтушунид хоҳад кард. Дар бораи дигар ҷузъиёти сафар маълумот дода намешавад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистону Русия муддати чаҳор сол аст, ки доир ба масъалаи тамдиди муҳлати ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон гуфтушунид доранд.

Моҳи июли соли равон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар робита ба ин масъала изҳор карда буд, ки гуфтушунидҳо перомуни ин масъала ба таври маъмулӣ ҷараён доранд, вале қаблан фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Русия Владимир Чиркин гуфта буд, Тоҷикистон дар масъалаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомӣ шартҳои ғайриқобили қабулро пеш гузоштааст.

Баъдтар вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков изҳори боварӣ намуда буд, ки моҳи октябр Тоҷикистон ба имзои қарордод бо шартҳои пешина омода хоҳад буд.

ВАО иттилоъ дода буданд, ки Тоҷикистон барои ҳузури минбаъдаи пойгоҳи низомӣ «пардохти на камтар аз 250 млн. доолари ИМА-ро дархост кардааст». Кремл тамдиди ҳузури пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистонро ба муддати 49 соли минбаъда дар назар дорад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд