Муҳоҷирони тоҷик дар Биробидҷон кору зиндагӣ ихтиёр мекунанд

Муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Яҳудиёни Русия (Еврейская автономная область) кору зиндагӣ ихтиёр мекунанд. Ба ин минтақа онҳо тавассути барномаи давлатии муҳоҷират омадаанд, – иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА ЕАОmedia бо истинод ба маълумоти хадамоти муҳоҷирати ин вилоят. Чанде қабл кормандони хадамоти муҳоҷирати пойтахти ин вилоят – шаҳри Биробидҷон бо вазъи зиндагии муҳоҷироне, ки тибқи […]

ASIA-Plus


Муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Яҳудиёни Русия (Еврейская автономная область) кору зиндагӣ ихтиёр мекунанд. Ба ин минтақа онҳо тавассути барномаи давлатии муҳоҷират омадаанд, – иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА ЕАОmedia бо истинод ба маълумоти хадамоти муҳоҷирати ин вилоят.

Чанде қабл кормандони хадамоти муҳоҷирати пойтахти ин вилоят – шаҳри Биробидҷон бо вазъи зиндагии муҳоҷироне, ки тибқи барномаи зикршуда аз Тоҷикистон омадаанду дар ноҳияи Ленин зиндагӣ мекунанд, шинос шуданд.

Оилаи Раҳматуллоевҳо дар ҳайати панҷ нафар ин ҷо омадаанд. Саробони оила бо ихтисоси худ – омӯзгори забони англисӣ дар мактаб ба кор қабул шуд. Ҳамсари ӯ аз рӯи ихтисос табиби кӯдакон буда, пас аз машғулиятҳо дар курсҳои такмили ихтисос ва соҳиби гувоҳнома гардидан ба кор қабул хоҳад шуд. Мактаб онҳоро бо манзили дуҳуҷрагии барҳаво ва дорои тамоми шароит таъмин намуд.

Табиби тоҷик Шамсиддин Холназаров низ итбқи барномаи муҳоҷират ба ин ноҳия омадааст. Ӯ санҷиши дубораи сатҳи касбӣ дар Маскавро муваффақона гузашта, пеш аз муҳлат курсҳои такмили ихтисос дар Хабаровскро хатм ва ба гувоҳномаи табиби муолиҷаи умумӣ соҳиб шуд. Ояндаи наздик ӯ дар деҳаи Биҷани ноҳияи Ленин бо кор таъмин мегардад.

Бино ба маъллумоти хабаргузории РИА ЕАОmedia, вилояти зикршуда ба муҳоҷирони дорои маълумотҳои касбҳои омӯзгорӣ ва табибӣ бештар эҳтиёҷ дорад. Ин гуна мутахассисон бо манзилҳои хидматӣ таъмин карда мешаванд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд