Пахши барномаҳои СМТ ба басомади дигар гузаронида шуд

Пахши барномаҳои шабакаи телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» (СМТ) ба басомади дигар гузаронида шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муассис ва директори шабакаи телевизионии СМТ Зинатулло Исмоилов хабар дод, тайи ду соли ахир шабакаи СМТ ба тамошогарон барномаҳои худро ба таври бояду шояд пешкаш карда наметавонист, зеро дар басомади пахши барномаҳои шабакаи СМТ ҳамчунин шабакаи телевизионии «РТР-Планета» […]

Пайрав Чоршанбиев


Пахши барномаҳои шабакаи телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» (СМТ) ба басомади дигар гузаронида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муассис ва директори шабакаи телевизионии СМТ Зинатулло Исмоилов хабар дод, тайи ду соли ахир шабакаи СМТ ба тамошогарон барномаҳои худро ба таври бояду шояд пешкаш карда наметавонист, зеро дар басомади пахши барномаҳои шабакаи СМТ ҳамчунин шабакаи телевизионии «РТР-Планета» низ ҷойгир шуда буд. «Ин ба он оварда расонид, ки мардум ҳеҷ кадоме аз ин шабакаҳоро тамошо карда наметавонистанд», – гуфт вай.

З.Исмоилов зикр кард, ки чанд рӯз қабл аз ҷониби Кумитаи телевизиону радио ва Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ барои пахши барномаҳои шабакаи СМТ басомади нав ҷудо гардид.

«Акнун барномаҳои шабакаи телевизиони моро бидуни мамониат метавон ҳамарӯза аз соати 08.00 то соати 14.00 ва аз соати 18.00 то 23.00 дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат, Ҳисор, Шаҳринав, Ёвон ва Файзобод бемалол тамошо намуд», – афзуд З.Исмоилов.

Ёдрас мекунем, ки шабакаи телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» аз соли 2007 ба пахши барномаҳо шурӯъ карда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.