Таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба харидории зироати ғалладона аз Покистон

Тоҷикистон ба воридоти ҳудуди 100 ҳазор тонна гандум, 50 ҳазор тонна шолӣ, 5 ҳазор тонна ҷуворимакка ва ҳамчунин равғани рустаниву нуриҳои минералӣ аз Покистон таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Бино ба маълумоти нашрияи покистонии The Express Tribune, чанде қабл дар Исломобод зимни мулоқоти ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии роҳбари Агентии захираҳои давлатии моддии ҷумҳурӣ Нурмаҳмад Аҳмедов бо вазири […]

Пайрав Чоршанбиев


Тоҷикистон ба воридоти ҳудуди 100 ҳазор тонна гандум, 50 ҳазор тонна шолӣ, 5 ҳазор тонна ҷуворимакка ва ҳамчунин равғани рустаниву нуриҳои минералӣ аз Покистон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Бино ба маълумоти нашрияи покистонии The Express Tribune, чанде қабл дар Исломобод зимни мулоқоти ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии роҳбари Агентии захираҳои давлатии моддии ҷумҳурӣ Нурмаҳмад Аҳмедов бо вазири савдои Покистон Махдум Амин Фаҳим чунин изҳори назар карда шуд.

Дар мулоқоти мазкур зикр гардид, ки пас аз обуҳавои номусоиди тирамоҳ ва зимистони соли гузашта вазъ дар Тоҷикистон мушкил гардида, ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Махдум Амин Фаҳим изҳор кард, ки ҷиҳати баррасии масоили нарху ҳаҷми маҳсулот ва роҳандозии ҳамкориҳо вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо ширкатҳои содиротии Покистонро ташкил мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Ассотсиатсияи содиркунандагони шолии Покистон изҳор дошт, ки ба таъмини  Тоҷикистон бо шолӣ дар ҳаҷми дархостшуда қодир аст. Қобили зикр аст, ки то ин дам зироати ғалладона ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ва ба миқдори начандон назаррас аз Русия ворид мешуданд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл ҳукумати Покистон тасмим гирифт, ки ба Тоҷикистон 30 ҳазор тонна шакарро бо арзиши 597,90 $ барои як тонна бифурӯшад ва ин қимат нисбат ба нархи бозори ҷаҳонӣ 20 $ поинтар аст. Ин иқдом дар робита ба дархости нахуствазири Тоҷикистон ба ҳукумати Покистон бобати фурӯши чунин ҳаҷми шакар бо нархи қобили қабул рӯи кор омадааст.

«Сарфи назар аз ҷорӣ шудани маҳдудият дар содироти шакар аз Покистон дар соли 2009, санаи 7-уми августи соли равон Кумитаи ҳамоҳангсозии Покистон ба таври истисноӣ дар бораи қонеъ сохтани дархости Тоҷикистон қарор қабул кард. Аммо Тоҷикистон хароҷоти марбут ба ҳамлу нақли маҳсулотро ба дӯш мегирад», – хабар дода буданд ВАО-и Покистон.

Айни замон дар бозори дохилии Покистон арзиши як тонна шакар ба 535,550 доллари ИМА баробар аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки қимати он дар бозориҷаҳонӣ 617,90 $ барои як тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Созмони ғизо ва кишоварзии СММ, шурӯъ аз моҳи июл дар саросари ҷаҳон тамоили афзоиши босуръати нархи зироати ғалладона ва шакар ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти созмони мазкур, дар муқоиса бо моҳи июн моҳи июли соли ҷорӣ арзиши зироати ғалладона дар бозори ҷаҳонӣ 17% ва шакар ба андозаи 12% афзудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.