Дар шаҳри Хоруғ ҳудуди 100 нафар сайёҳон боқӣ мондаанд, ки асосан шаҳрвандони кишварҳои Аврупо, ИМА ва Канада мебошанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи як ширкати сайёҳии австралиягӣ хабар дод, аксари сайёҳон мебоист субҳи 24-уми июл аз Хоруғ хориҷ мешуданд, вале ба ин фурсат даст надодааст.
Ба иттилои манбаъ, ширкати онҳо бо сафоратхонаҳои кишварҳои Аврупову ИМА дар Тоҷикистон дар тамос шудааст. «Албатта, таъмини амнияти мизоҷон вазифаи аввалиндараҷаи мо мебошад. Аз ин рӯ, мо ба сафоратхонаҳои онҳо муроҷиат карда, дар навбати худ онҳо бо вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои худ гуфтушунид доранд», – изҳор дошт як австралиягӣ аз Мелбурн.
Ба гуфтаи вай, яке аз аъзои ин гурӯҳ телефони моҳвораӣ дошта, мудом бо ширкат дар тамос аст. «Ӯ мегӯяд, айни замон вазъ дар шахр ором аст. Он ҷо ду нафар роҳнамоҳо (гидҳо)-и мо ва чор нафар ронандагон аз Қирғизистон ҳузур доранд», – иброз медорад намояндаи ширкат.
Ба хотири амнияти сайёҳон ӯ макони будубоши онҳоро ифшо насохта, танҳо зикр мекунад, ки онҳо солиманд. «Агенти сайёҳии қирғизи мо иттилоъ дод, ки дар Хоруғ ва гирду атрофи он сайёҳон хеле зиёданд, аммо дар бораи вазъи будубоши онҳо чизе маълум нест, зеро робита бо онҳо ғайриимкон аст», – илова намуд намояндаи ширкати сайёҳӣ.
Дар ҳамин ҳол, то ҳанӯз дар Хоруғ боз ҳудуди 70 нафар кормандони созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон низ боқӣ мондаанд, ки ба хориҷ шудан аз шаҳр имкон надоранд.
Намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ба сохторҳои қудратӣ муроҷиат кардаанд, то ки барояшон гузаргоҳ ё худ коридори бехатари хурӯҷ аз шаҳрро муҳайё намоянд ва ин дархости онҳо феълан мавриди баррасӣ қарор дорад.
Дар дафтарҳои кории чанде аз созмонҳои байнулмилалӣ дар шаҳри Душанбе ин хабарро рад накарданд, вале аз ҳама гуна шарҳу тавзеҳ худдорӣ варзиданд.