Беш аз 150 нафар афсарону сарбозони дастаи десанти кӯҳии нерӯҳои зудамал ва гурӯҳҳои фаврии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати иштирок дар тамринҳои низомии фармондеҳиву ситодии «Рубеж-2012» озими Русия шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмалиев хабар дод, тамринҳои мазкур аз 2 то 10-уми август дар маркази таълимии ҷудогонаи 155-уми «Чебаркӯл»-и ҳавзаи Урал доир мегарданд.
Ба гуфтаи ӯ, дар тамринҳои низомӣ хизматчиёни ҳарбии Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ширкат меварзанд.
Дар тамрин омӯзиш ва таҷрибаи фаъолият дар ҳолатҳои муҳосира ва маҳв кардани қароргоҳи гурӯҳҳои ҷиноятпеша, нобуд сохтани нерӯҳои саддгузор ва захираҳои рақиб санҷида мешаванд.
Ба тамринҳо гурӯҳҳои иктишофӣ, дастаҳои тирандозии кӯҳӣ ва гурӯҳҳои фаврии Вазоратҳои мудофиаи кишварҳо ҷалб мегарданд.
«Гурӯҳи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ин тамринҳоро муовини сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, генерал-майор Зариф Бобокалонов сарварӣ менамояд», – афзуд Маҳмадалиев.