Як ҳайати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини раиси ҳизб Маҳмадалии Ҳайит пагоҳ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар мекунад.
Тавре ба ОИ «Аия-Плюс» Маҳмадалии Ҳайит хабар дод, дар ҷараёни сафар ҳайати ҳизб бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии ВМКБ аз наздик ошно гардида, бо аъзоёни ҲНИТ ва намояндагони дигар қишрҳои аҳолӣ вохӯриҳо доир менамояд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти муовини раиси ҳизб, дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Хоруғ роҳбари бахши ҲНИТ дар Хоруғ Шерик Карамхудоев беному нишон шудааст. «То имрӯз мо дар бораи тақдир ё макони будубоши узви фаъоли ҲНИТ дар ВМКБ ҳеҷ маълумоте дар даст надорем», – зикр кард М.Ҳайит.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба унвони прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода мактуб ирсол карда, дар он боз кардани парвандаи ҷиноӣ дар робита ба қатли роҳбари бахши ҳизб дар ВМКБ Сабзалӣ Мамадризоевро тақозо намуд.
Дар мактуби расмии раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ зикр мегардад, ки Сабзалӣ Мамадризоев дар қаламрави қисми низомии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар Хоруғ ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шудааст.