Моҳи июли соли равон аз Тоҷикистон ба Қазоқистон дар маҷмӯъ беш аз 12 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.
Ба гуфтаи вай, ахири моҳи июни соли равон миёни энергетикҳои ҳарду кишвар дар бораи интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Қазоқистон мувофиқа ҳосил шудааст.
«Интиқоли барқ ба Қазоқистон метавонист ҳанӯз моҳи майи соли равон шурӯъ гардад, вале ҷонибҳо дар бораи қимати он ба мувофиқа нарасида буданд, – изҳор кард Н.Ёдгорӣ. – Дар ниҳояти кор мувофиқа ҳосил шуд, ки Қазоқистон барои 1 кВт нерӯи барқ 2 сент пардохт хоҳад кард. Албатта, нарх хеле паст аст, вале назар ба холӣ партофтани об, бо ин нарх ҳам фурӯхтан беҳтар аст».
Н.Ёдгорӣ зикр кард, ки айни замон тавассути шабакаи хатти интиқоли Қирғизистон аз Тоҷикистон ба Қазоқистон шабонарӯзӣ то 500 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад.
Бино ба гуфтаи Н.Ёдгорӣ, айни замон дар Тоҷикистон шабонарӯзӣ ҳудуди 53 млн.кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мешавад, ки 47 млн. кВт/соати он барои эҳтиёҷоти дохилӣ истифода мегардад.
Ёдгорӣ таъкид кард, ки ба ҷуз Қазоқистон, нерӯи барқи Тоҷикистон ҳамчунин ба Афғонистон низ интиқол дода мешавад.
Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», дар нимсолаи аввали соли равон тавассути хатти интиқоли барқи 220 кВ «Сангтӯда-Пули Хумрӣ» аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар маҷмӯъ беш аз 190 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст. Айни замон ҳаҷми шабонарӯзии интиқоли барқ ба Афғонисоон тавассути ин хат 2,4 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад.
Айни замон аз ҷониби ширкатҳои «Барқи тоҷик» ва «Помир Энерҷи» шабонарӯзӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон то 4,4 млн. кВт/соат ва соли равон» дар маҷмӯъ беш аз 245 млн кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.