Иҷлосияи навбатии Кумитаи СММ оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ имрӯз ба кор оғоз мекунад.
Бино ба хабари Маркази иттилооти СММ, ба рӯзномаи иҷлосия масоили баррасии гузоришҳои марҳилавии Австрия, Лихтенштейн, Ҷумҳурии Корея, Сенегал, Тоҷикистон, Таиланд, Фиҷи, Финландия ва Эквадор дар бораи қабули асноди қонунгузорӣ, судӣ, маъмурӣ ва дигар тадбирҳои ба барҳам додани табъизи нажодӣ равонагардида ворид шудаанд.
Гуфта мешавад, кори иҷлосия то 31-уми август идома ёфта, баррасии гузориши Тоҷикистон рӯзҳои 8 ва 9-уми август пешбинӣ гардидааст. Санаи 28-уми август Кумита роҷеъ ба масъалаҳои табъизи нажодӣ бар асари бадбинӣ муколамаҳо доир менамояд.
Қобили зикр аст, ки Кумитаи СММ оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ аз 18 нафар коршиносон иборат буда, ҷиҳати назорати иҷрои Конвенсияи байнулмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми навъҳои табъизи нажодӣ таъсис дода шудааст.
Конвенсияи мазкур соли 1965 аз ҷониби Маҷмаи Кулли СММ қабул гардида, соли 1969 мавриди амал қарор гирифт. Марҳила ба марҳила 175 кишвари дунё, ки иштирокчии Конвенсияи мазкур мебошанд, дар назди Кумитаи СММ оид ба иҷрои талаботи ин санади байнулмилалии ҳуқуқӣ ҳисобот медиҳанд.