Дар яке аз бозорҳои марказии ҷамоати сераҳолии Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб ба муносибати моҳи шарифи Рамазон «Ҳафтаи нархҳои арзон» эълон шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори бозори мазкур Меҳриддин Сироҷов хабар дод, дар пешгирии ин иқдом аз ҷониби ҳукуматдорон ҳеҷ супорише нашуда, пас аз намози ҷумъа ибодаткунандагони масҷид чунин тасмим гирифтаанд. «Аксари ибодаткунандагони масҷиди маҳаллӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба фаъолият машғул буда, дар таъмини бозор бо маҳсулоти кишоварзӣ ҳеҷ мушкилоте ба назар намерасад», – гуфт вай.
Ба гуфтаи ӯ, давоми ҳафта дар ин бозор қимати гӯшт на зиёдтар аз 27 сомонӣ, биринҷ – 5 сомонӣ, пиёз – 1 сомонӣ, сабзӣ – 2 сомонӣ, помидор – 2 сомонӣ, бодиринг – 1 сомонӣ ва картошка – 1,8 сомонӣ хоҳад буд.
«Ин нархҳо аз нархҳои бозор ба андозаи 20-40% поинтаранд», – зикр кард М.Сироҷов ва илова намуд, ки имрӯзҳо ба бозори Даҳана ҳамчунин сокинони шаҳри Кӯлоб низ бештар рӯ меовардагӣ шудаанд.