spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба харидории зироати ғалладона аз Покистон


Тоҷикистон ба воридоти ҳудуди 100 ҳазор тонна гандум, 50 ҳазор тонна шолӣ, 5 ҳазор тонна ҷуворимакка ва ҳамчунин равғани рустаниву нуриҳои минералӣ аз Покистон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Бино ба маълумоти нашрияи покистонии The Express Tribune, чанде қабл дар Исломобод зимни мулоқоти ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии роҳбари Агентии захираҳои давлатии моддии ҷумҳурӣ Нурмаҳмад Аҳмедов бо вазири савдои Покистон Махдум Амин Фаҳим чунин изҳори назар карда шуд.

Дар мулоқоти мазкур зикр гардид, ки пас аз обуҳавои номусоиди тирамоҳ ва зимистони соли гузашта вазъ дар Тоҷикистон мушкил гардида, ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Махдум Амин Фаҳим изҳор кард, ки ҷиҳати баррасии масоили нарху ҳаҷми маҳсулот ва роҳандозии ҳамкориҳо вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо ширкатҳои содиротии Покистонро ташкил мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Ассотсиатсияи содиркунандагони шолии Покистон изҳор дошт, ки ба таъмини  Тоҷикистон бо шолӣ дар ҳаҷми дархостшуда қодир аст. Қобили зикр аст, ки то ин дам зироати ғалладона ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ва ба миқдори начандон назаррас аз Русия ворид мешуданд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл ҳукумати Покистон тасмим гирифт, ки ба Тоҷикистон 30 ҳазор тонна шакарро бо арзиши 597,90 $ барои як тонна бифурӯшад ва ин қимат нисбат ба нархи бозори ҷаҳонӣ 20 $ поинтар аст. Ин иқдом дар робита ба дархости нахуствазири Тоҷикистон ба ҳукумати Покистон бобати фурӯши чунин ҳаҷми шакар бо нархи қобили қабул рӯи кор омадааст.

«Сарфи назар аз ҷорӣ шудани маҳдудият дар содироти шакар аз Покистон дар соли 2009, санаи 7-уми августи соли равон Кумитаи ҳамоҳангсозии Покистон ба таври истисноӣ дар бораи қонеъ сохтани дархости Тоҷикистон қарор қабул кард. Аммо Тоҷикистон хароҷоти марбут ба ҳамлу нақли маҳсулотро ба дӯш мегирад», – хабар дода буданд ВАО-и Покистон.

Айни замон дар бозори дохилии Покистон арзиши як тонна шакар ба 535,550 доллари ИМА баробар аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки қимати он дар бозориҷаҳонӣ 617,90 $ барои як тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Созмони ғизо ва кишоварзии СММ, шурӯъ аз моҳи июл дар саросари ҷаҳон тамоили афзоиши босуръати нархи зироати ғалладона ва шакар ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти созмони мазкур, дар муқоиса бо моҳи июн моҳи июли соли ҷорӣ арзиши зироати ғалладона дар бозори ҷаҳонӣ 17% ва шакар ба андозаи 12% афзудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...