Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 93-умин солгарди истиқлоли давлатии Афғонистон ба раисҷумҳури ин кишвар Ҳомид Карзай барқияи шодбошӣ ирсол намуд.
Дар барқияи шодбошӣ, аз ҷумла зикр мегардад, ки солҳои охир муносибатҳои созандаву рушдёбандаи Тоҷикистону Афғонистон на фақат дар асоси дуҷониба, балки дар чаҳорчубаи равобити бисёрҷониба низ пайгирона густариш меёбанд ва мазмуни амиқтар касб менамоянд.
«Итминон дорам, дар марҳилаи кунунӣ, ки татбиқи амалии тасмимоти конфронси Токио ва лоиҳаҳои дар ҷараёни Конфронси РЕККА дар Душанбе пешниҳодшуда оғоз меёбад, ҳамкории наздиктару босамартари Тоҷикистону Афғонистони дӯсту ҳамҷавор сурат хоҳад гирифт», – омадааст дар барқия.
Дар барқия Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зарурати тақвияти шарикиву ҳамёрӣ дар масъалаҳои амалӣ сохтани лоиҳаҳои инфрасохторӣ, энержӣ, амнияту тиҷорати наздисарҳадӣ ва маорифу тандурустиро таъкид месозад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.