Додгоҳи шаҳри Хуҷанд сокини 37-солаи шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Миркамоловро ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 16 соли зиндони низомаш шадид бо мусодираи амвол маҳкум кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи додгоҳи мазкур, раиси додгоҳи шаҳри Хуҷанд Матлуба Ҳабибуллоева хабар дод, моҳи апрели соли равон Б.Миркамолов дар шаҳри Душанбе аз як афғоние бо лақаби «Коко» бо мақсади фурӯши минбаъда ба миқдори беш аз 19 кило маводи мухаддири героин дастрас намуда, онро ба Хуҷанд меорад ва дар манзили худ пинҳон мекунад, то ки баъди фурӯши он қарзҳои зиёди худро баргардонад.
Ба иттилои манбаъ, санаи 25-уми апрел ҳангоми фурӯхтани 5 кило аз ин маводи мухаддир ба шаҳрванди Қирғизистон бо номи Дониёр ӯ аз пайгирии кормандони мақомот воқиф гашта, маводи мухаддирро дар ахлотпарто пинҳон мекунад ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Аммо 27-уми апрел ӯ дар роҳи мошингарди Хуҷанд-Мастчоҳ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт мегардад. Далели шайъӣ – зиёда аз 14 кило маводи мухаддир аз манзили зисташ ва боз ҳудуди 5 килои он аз ахлотпарто дарёфт ва мусодира карда шуданд.
Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 7 моҳи соли равон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 250 кило (ҳамин давраи соли 2011 – 412 кило) маводи мухаддирро мусодира намуданд, ки 63 килояшро геоин, 165 килояшро ҳашиш ва ҳудуди 23 килояшро афюн ташкил медиҳад.